| |
Capítulo 1 Introdução
|
| |
| Ҷараёни динамикӣ чунин давраест,
ки ҷанини аз як ҳуҷайра иборат будаи
инсон то замоне, ки ба одами бузург
табдил ёфта дорои 100 триллион
ҳуҷайра мегардад - шояд ҳодисаи
аҷибтарин дар саросари табиат бошад.
|
| Муҳаққиқон ҳоло медонанд,
ки аксари вазифаҳои рӯзмарра
ки бадани солим ва тандурусту
ривоҷёфта ба жо меорад, дар
давраи ҳомиладорӣ - аз таваллуд хеле
пештар муқаррар мегардидааст.
|
| Марҳалаи инкишофи то таваллудро
аксаран чун давраи омодасозӣ ном
мебаранд, дар ин марҳала одами
инкишоф ёбанда сохтори
бисёреро дарёфт мекунад
ва қобилияти фаровонеро
падид меоварад,
ки баъд аз таваллуд
барои бақо ҳатмӣ
мегарданд.
|
Capítulo 2 Terminologia
|
| Ҳомиладорӣ дар инсоният
одатан аз рӯзи ҳомиладоршавӣ
сар карда ёки аз вақти
нутфарезӣ қариб
38 ҳафтаро фаро мегирад.
|
| Дар зарфи 8 ҳафтаи аввали
баъди бордоршавӣ,
одами инкишофёбанда
ҷанин номида мешавад, ки маънои
"дар батн ривоҷёбанда" - ро дорад.
Ин давра давраи
ҷанинӣ номида шуда
бо ташаккулёбии аксари
системаҳои асоситарини
бадан тавсиф меёбад.
|
| Бо поёнрасии 8 ҳафта
то охири давраи ҳомиладорӣ
"одами ривоҷёбанда -
"ҳомила" номида мешавад,
он маънои "насли оянда" - ро медиҳад.
Дар давоми ин давра, ки марҳалаи
ҳомиладорӣ номида мешавад, бадан ёхуд
тан боз ҳам калон мешавад ва системаҳои
ӯ ба ижрои вазифаҳои худ мепардозанд.
|
| Тамоми марҳала мутааллиқ ба ҷанин
ва ҳомиладорӣ дар ҳамин барнома
аз бордоршавӣ сар карда
ба ҳамин давра мансубанд.
|