Skip Navigation

DVD Ilustrado Multilíngue

The Biology of Prenatal Development


6 Meses - Nascimento


БИОЛОГИЯИ РИВОҶЁБИИ ПЕШ АЗ ТАВАЛЛУД

.Тожик [Tajik]


 

Baixar Versão em PDF  O Que é PDF?
 

Capítulo 43   5 a 6 Meses (20 a 24 Semanas): Responde ao Som; Cabelo e Pele; Idade de Viabilidade

То ба ҳафтаи 24 пилкони чашм боз ҳам кушода мешаванд ва ҳомила ба таъсирҳои гуногун чашмионашро боз карда мепӯшонад. Чунин қобилияти эҳсос ё худ пайбарӣ худ аз худ ба амал намеояд, эҳсоси садоҳои баланд дар ҳомилаи занона зудтар ривоҷ меёбад.

Як қатор тадқиқотгарон таъкид мекунанд, ки садои баланд ба ҳомила мумкин аст таъсири бад расонад. Натиҷаи фаврии чунин таъсир дар зудтар тапидани дил, бештар дар ҳолати рустӣ қарор гирифтани ҳомила ва дар тағйири ҳаракатҳои ӯ ба таври куллӣ намудор мегардад. Баъзе натиҷаҳо аз он далолат медиҳанд,ки ҳомила мумкин аст қобилияти шунавоии худро гум кунад.

Давраи нафаскашӣ ва нафасбарории ҳомила зудии нафасгирии он мумкин аст дар як дақиқа ба 44 маротаба афзойиши ёбад.

Дар давраи севвуми ҳомиладорӣ афзойиши босуръати майна бештар аз 50% миқдори қуввати ба кор барандаи ҳомиларо истеъмол мекунад. Вазни майна аз 400 то 500% калон мешавад.

Ба ҳафтаи 26 дар чашмон ашк пайдо мешавад.

То ба ҳафтаи 27 гавҳараки чашм ба рӯшноӣ ҳассос мегардад. Чунин қобилияти ҳискунӣ ҳаҷми равшании ба ретина даркориро барои тамоми ҳаёт мувофиқ мегардонад.

Тамоми аҷзои ба вазифаи ҳисси бӯйкунӣ дахлдор ба кор медароянд. Ҳини омӯзиши навзодони пеш аз вақт зоидашуда баъди 26 ҳафтаи бордоршавӣ мавҷудияти қобилияти бӯйҳискунӣ аниқ гардида аст.

Ба моеъи дар атрофи ҳомила буда моддаи ширинро ҳамроҳ карда дар ҳомила афзудани зудии фурӯбариро мушоҳада кардан мумкин аст. Баръакс, моддаи талх ҳамроҳ карда шавад дар ҳомила зудии фурӯбарӣ кам мегардад. Дигаргуниҳо дар ҳаракатҳои рӯй зуд-зуд мушоҳада мешаванд.

Дар соҳаи такягоҳ ҳомила ба ҳаракатҳои чанд қадам партофтан монандро, ки дар шакли паҳлӯгардӣ анҷом мегиранд шурӯъ мекунад.

Баъд аз он ки дар зери пӯсти ҳомила моддаҳои изофӣ пур мешаванд, чиндории он кам мегардад. Равғанҳо дар мувофиқгардонии ҳаракати тан ва дар нигоҳдории қувват пас аз таваллуд дорои аҳамияти калон мегарданд.

Capítulo 44   7 a 8 Meses (28 a 32 Semanas): Discriminação de Sons, Estados Comportamentais

То ба ҳафтаи 28 ҳомила садоҳои баланд ва пастро фарқ карда метавонад.

То ба ҳафтаи 30 ҳаракатҳои нафасгирӣ умумӣ гашта дар ҳомилаи мӯътадил аз 30 то 40% вақт акс меёбанд.

Дар давоми 4 моҳи охирини ҳомиладорӣ ҳомила ҳаракатҳои ба дамгирӣ хосро намойиш медиҳад. Чунин ҳолатҳову ҳаракатҳо мураккабии системаи марказии асабро, ки мунтазам мешавад, акс мекунонад.

Capítulo 45   Os Membros e a Pele

Тахминан то ба ҳафтаи 32 катаки ҳақиқи ёки ҳуҷайраҳои "кисса" -и ҳаво дар шуш ба ривоҷёбӣ сар мекунанд. Онҳо зимни шаклёбӣ пас аз таваллуди навзод то синни 8 солагии он давом мекунанд.

То ба ҳафтаи 35 дар дасти ҳомила қобилияти мустақилона аз даст гирифтан пайдо мешавад.

Дар пеши ҳомила моддаҳои гуногун пайдо шавад, ин чиз баъд аз таваллуди ӯ ба ҳамин таъм ёки бӯй таъсирпазирии онро шакл медиҳад. Масалан, бача агар модараш пеш аз таваллуд себи анисроке, моддаи таъми ширинбияро медиҳад, истеъмол карда бошад, бача баъд аз таваллуд анисро афзал донистанашро намоиш медиҳад. Навзодоне ки, модарашон себи анисро ҳеч истеъмол накарда бошанд, анисро бад мебинанд

Capítulo 46   9 Meses até o Nascimento (36 Semanas até o Nascimento)

Ҳомила гормонҳои эстроген номидашударо ба миқдори бисёр бароварда дарди зоишро ба вуҷуд меорад ва ба ҳамин тариқ аз ҳомила ба тифли навзод табдил меёбад.

Ҷараёни дарди зоиш бо дарди пуразоби бачадон маънидод мегардад ва бо таваллуди кӯдак поён меёбад.

Аз бордоршавӣ то таваллуд ва баъди он ҳам ривоҷёбии одам ҷараёни динамикӣ, пурдавом ва мураккаберо аз сар мегузаронад. Ихтироъҳои нав ба нави мутааллиқ ба ин раванди дилфиреб таъсири ҳаётии ривоҷёбии ҳомила ва ба саломатии инсонро дар тӯли умр ба таври васеъ намоиш медиҳад.

Ҳар қадаре, ки фаҳмиши мо доир ба инкишофи инсон беҳтар шавад, ба ҳамон андоза мо саломат иамонро-то таваллуд ва баъд аз таваллуд беҳтар менамоем.
6 Meses - Nascimento